Ҳадаф аз омўзиши фанни мазкур— дарёфти донишҳои амиқи муосир дар соҳаи манбаъҳои энергияи механикӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва пайдо намудани қобилияти ҳалли масъалаҳо оид ба интихоби манбаъҳои энергия барои муҳаррикҳои автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт бо методҳои муҳандисӣ мебошад.

         Фанни «Муҳарриҳои авторакторӣ» дараҷаи муҳандисии мутахассисро ташаккул медиҳад. Дар он «Назарияи равандҳои кории муҳаррикҳои дарунсўз», асосҳои назарияи кори муҳаррикҳои дарунсўз ва системаҳои он омўхта мешаванд. Омўзиши ин фан ба донишҷўён имконият медиҳад, ки дар бораи омилҳои ба нишондиҳандаҳои энергетикӣ, иқтисодӣ, экологӣ, истифодабарии муҳаррик таъсиркунанда маълумоти муфассал гиранд.

Талабот нисбати сатҳи аз худ намудани мундариҷаи фан

  Дар натиҷаи омўхтани фан донишҷўй бояд

донад:

- маълумотҳои таърихӣ оид ба манбаҳои энергияи механикӣ барои воситаҳои нақлиёт;

- асосҳои ҳисоби гармӣ вобаста ба раванди кори муҳаррик, самтҳо ва тарзҳои асосии рушд ва мукамалгардонии сохт, нишондиҳандаҳои техникӣ-истифодабарии он;

-услубҳои интихоби муҳаррикҳои дарунсўз барои воситаҳои нақлиёти дар шароитҳои гуногун истифодашаванда.

тавонад:

-мустақилона сохт ва тарзи кори муҳаррикҳои дарунсўзи муосирро аз худ намояд;

-талаботҳоро нисбати муҳаррикҳои дарунсўзи автомобилҳо асоснок намояд;

-нишондиҳандаҳои асосии техникӣ-истифодабарии муҳаррикҳои дарунсўзро таҳлил намояд ва баҳо диҳад.


Дар инҷо маълумот дар бораи фанн дохил кунед......